ABNA24 : Ба гузориши Ал Минор, Шайх Алӣ Даъмуш, муовини раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон изҳор дошт, ирсоли киштии сӯхт аз Эрон ба самти Лубнон, амрикоиҳоро расво кард ва талошҳои Вашингтон барои таҳти фишор қарор додани лубнониҳоро бо шикаст муоҷеҳ сохт.
Вай афзуд, аз муҳимтарин натоиҷи воридоти сӯхт аз Эрон ин буд, ки нишон дод, касе, ки пушти буҳронҳои миллати Лубнон қарор дорад Амрико ва муздӯронаш ҳастанд.
Пеш аз ин, Шайх Аҳмад Қаблон, муфтии Лубнон ҷанги имрӯз алайҳи Лубнонро як ҷанги амрикоӣ дониста ва гуфта буд, ирсоли киштии сӯхт аз Эрон метавонад ба чанд даҳа сайтараи Амрико бар Лубнон поён диҳад.
Фраксияи муқовимати Лубнон ҳам киштиҳои нафтии Эронро омили бар мало шудани чеҳраи касоне донист, ки бар рӯи таҳрими Лубнон умед бастаанд.
Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон 19 август бо эъломи хабари ҳаракати киштиҳои ҳомили сӯхти Эрон ба самти Лубнон, нисбат ба ҳар гуна таарруз ба онҳо шадидан ҳушдор дод.
Лубнон дар як соли гузашта ва пас аз истеъфои давлат дар пайи инфиҷори бандари Бейрут, бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии мутааддиде дасту панҷа нарм мекунад ва таҳримҳои Амрико мушкилоти ин кишварро бештар кардааст.
342/